Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Аз 10 то 12 апрел дар шаҳри Макаои Ҷумҳурии Мардумии Чин 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао (MITE – Macao International Travel Expo) баргузор мешавад, ки дар он имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон низ муаррифӣ карда мешавад.
Дар ин намоишгоҳ дар гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон барои ҳаводорони сайру саёҳат ба кишвари зебою дорои тамаддуну фарҳанги ғании халқи тоҷик бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои гардишгарии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир, тамаддуни рангину қадима, обҳои мусаффо ва меваҳои тару хушки хуштаъми ватанӣ муаррифӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки ин намоишгоҳ ҳамасола бо иштироки давлатҳои мухталифи ҷаҳон баргузор мегардад, ки платформаи муассир барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорон ва мубодилаи таҷриба дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао барои баланд бардоштани шинохти байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ ва дарёфти шарикони нави рушд нақши муҳим мебозад.