4 сентябри соли 2026 дар кӯчаи марказии ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии идона зиёда аз 5 ҳазор нафар кормандони соҳаҳои гуногун, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Дар чорабинии идона намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ва роҳбарияти ноҳияи Шаҳристон иштирок ва бо сокинону иштирокчиёни роҳпаймоӣ ҳамроҳ шуданд.
Роҳпаймоии идона дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои идона ва либосҳои миллӣ ба муносибати ин ҷашни муҳими миллӣ ифтихору эҳтироми хешро нисбат ба Ватани соҳибистиқлол намоиш доданд.