Имрӯз, 02 сентябри соли 2026, дар доираи омодагиҳо ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи зиддиинҳисорӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ва роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Турсунзода Раҷабалӣ, инчунин намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ҷавонони фаъоли соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози ҳамоиш сардори хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккули низоми иқтисодии миллӣ, рушди соҳибкорӣ, ҳифзи рақобати солим ва таъмини манфиатҳои истеъмолкунандагон заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Хадамот, нақши ҷавонон дар пешбурди фаъолияти соҳавӣ ва зарурати омодасозии мутахассисони ҷавони соҳибмаърифат ва рақобатпазир андешаронӣ намуд.
Қайд гардид, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорӣ, фароҳам овардани муҳити рақобатпазир ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Дар идома, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим зимни баромади худ доир ба сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа бояд дар рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими рақобати солим ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти зиддиинҳисорӣ саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи донишҳои иқтисодию ҳуқуқӣ, такмили малакаҳои касбӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва муносибати масъулиятнок ба фаъолияти хизматӣ аз омилҳои муҳими рушди касбии ҷавонони соҳа ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор ҷавонони фаъол барои фаъолияти назаррас, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи зиддиинҳисорӣ сипосномаҳо тақдим карда шуданд.