Санаи 31 майи соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ якҷо бо Раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Ғафурзода Рабим дар маросими ифтитоҳи пули нав дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон иштирок намуданд.
Пули мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва саҳмгузории шахсони саховатпеша ва сокинони деҳа ба маблағи умумии 90 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Ин иқдоми хайрхоҳона намунаи равшани ҳамбастагӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии маҳал ба ҳисоб меравад.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва шахсони саховатпеша, ки дар бунёди пули мазкур саҳм гузоштанд изҳори минатдорӣ намуданд.
.