Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” фаъолият менамояд.
Мутобиқи моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иборат мебошад.
Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ-Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода дар доираи меъёрҳои муқарраргардидаи қонунгузорӣ шумораи вакилон 40 нафар муқаррар карда шуда, дар даъвати ҳафтуми Маҷлис, ки барои солҳои 2025-2030 интихоб гардидаанд, 39 нафар аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ва 1 нафар аз ҷониби сохтори маҳалии Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар шаҳр интихоб гардида, аз шумораи 40 нафар вакилон 10 нафарашонро занон ташкил медиҳад, ки 25 фоиз мебошад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ-Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, №462 Шумораи воҳидҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода 174 адад (26 воҳиди корӣ дар дастгоҳи раиси шаҳр, 39 воҳиди корӣ дар сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва 109 воҳиди корӣ дар мақомоти худидоракунии деҳот) муқаррар гардидааст, ки аз 174 воҳиди кории муқарраргардида ба ҳолати 1 октябри соли 2026, 27 ё ин ки (15,5 фоиз) ҷойи холӣ мавҷуд буда, 147 (зан-28) нафар хизматчиёни давлатӣ амалан фаъолият доранд.