26 феврали соли 2025 мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакомото ва мутахассис оид ба масъалаҳои молиявии Бонки Осиёии Рушд Анҷун Исрар баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа Сироҷиддинзода Баҳриддин иброз намуд, ки Ҳукумати кишвар Бонки Осиёии Рушдро яке аз шарикони боэътимод дониста, нақши онро дар татбиқи афзалиятҳои рушди миллӣ, аз ҷумла соҳаи содироти кишвар муҳим арзёбӣ менамояд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо рафти иҷрои бандҳои дахлдори матритсаи Барномаи Беҳтарсозии Муҳити Тиҷоратии Мутобиқ ба Иқлим, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд таҳия гардидааст, муҳокимаронӣ намуда, таҳрезии нақшаҳои ҳамкории дуҷонибарро барои соли 2025 мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни вохӯрӣ ба намояндагони Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти рақамикунонии содирот, содагардонии расмиёти савдо ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳа, аз ҷумла ташкили маркази логистикии содиротӣ дархостҳои мушаххас пешниҳод гардид.
Дар посух ба пешниҳодҳои Агентии содирот Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии Рушд изҳор дошт, ки дархосту пешниҳодҳои номбурдаро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки раванди ҳамкориро идома дода, барои татбиқи амалии ташаббусҳои пешниҳодшуда чораҳои мушаххас меандешанд.