Иштироки директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ифтитоҳи расмии иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Ёвон
6 декабри соли равон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин ва раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин дар ноҳияи Ёвон як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бо сокинони ноҳия мулоқот анҷом дода шуд.
Дар ҳошияи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншооти ҷашнӣ аз ҷумла, бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 бо дорои 9 синфхона ва барои қабули 500 хонанда дар ду баст, бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 бо дорои 14 синфхона барои қабули 700 хонанда дар ду баст, Маркази хизматрасонии “Дӯстон” бо таъмини 34 ҷойи кори доимӣ ва роҳ бо паҳноии 15 метр ва дарозии 1,5 километр мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамчунин, дар идомаи сафари корӣ ҳайати расмӣ дар Ҷамоати деҳоти Даҳана аз заминҳои ҶДММ “Муҳаммадамин-11” боздид анҷом дода, дар 2 гектар замин, ки кишти картошка бо риояи қоидаҳои агротехникӣ оғоз гардидааст, шинос шуданд.
Дар доираи сафари корӣ бо як гурӯҳ собиқадорони касбу кори гуногун мулоқот баргузор гардида, аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон ва директори Агентии содирот ба онҳо туҳфаҳо тақдим гардида, таъкид карданд, ки сулҳу суботи комил ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва илмомӯзӣ вазифаи муҳими ҷомеа мебошад.