10 ноябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода, раисони ноҳияҳои пахтакор ва роҳбарони корхонаҳои коркарди пахта ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода баромад ва зикр намуданд, ки содироти нахи пахта ва маҳсулот аз он дар таркиби сабади содиротии кишвар нақши муҳим дошта, яке аз сарчашмаи ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва воридоти асъори хориҷӣ ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва қурби асъори миллӣ аст.
Қайд гардид, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба рушди устувори соҳаи пахтапарварӣ пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, вазорату идораҳо, аз ҷумла Агентии содирот вазифадор шудаанд, ки оид ба дарёфти роҳу воситаҳои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонии пахтапарвар ҷиҳати мунтазам зиёд намудани майдонҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, таъмини ҷамъоварии пурраи ҳосил ва коркарди ниҳоии пахтаи хом дар ҳудуди ҷумҳурӣ бо мақсади ба хориҷи кишвар содирот намудани маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашудаи пахтагин, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар робита ба ин, аз ҷониби директори Агентии содирот доир ба корҳои мушаххаси анҷомдодадшуда маълумот пешниҳод карда шуд.
Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2025, №526 “Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2025, №350” аз ҷониби КВД “Тоҷагропромэкспорт”-и Агентии содирот ба ҳолати 9 ноябри соли 2025 аз корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 3500 ҳазор тонна нахи пахта (Хуросон - 1028, Вахш - 862, Ёвон - 524, Дӯстӣ - 388, Левакант - 93, Кушониён - 160, Ҷ. Балхӣ – 300, Абдураҳмони Ҷомӣ - 95 ва Фархор – 50 тонна) ба Ҷумҳурии Исломии Эрон содирот карда шуда, ин раванд ҳамарӯза бомаром идома ва зери таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти Агентии содирот қарор дорад.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои беталаф ҷамъоварии ҳосили боқимондаи пахта, омодагии корхонаҳои пахтатозакунӣ ба содирот, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.