10 октябри соли 2025 дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо Вазири иқтисоди Федератсияи Россия Максим Геннадевич Решетников баргузор гардид.
Зимни вохурӣ директори Агентии содирот вобаста ба фаъолияти Агентӣ, аз ҷумла фаъолияти КВД “Тоҷагропромэкспорт”-и назди Агентии содирот иттилоъ дода, қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия сол то сол то сатҳи стратегӣ рушд ёфта, моро зарур аст, ки ҷиҳати зиёд намудани нишондиҳандаҳои тиҷоратию иқтисодӣ кӯшиш ба харҷ намоем.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, саноатӣ, кишоварзӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуда, андешидани тадбирҳои иловагиро барои амалисозии Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ зарур шумориданд.