Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, № 656 таъсис дода шудааст.
Комиссия дар самти зерин фаъолият менамояд:
- экспертизаи давлатии натиҷаҳои корҳои иктишофӣ-геологии аз тарафи ширкатҳо ва экспедитсияҳои геологии Саридораи геология гузаронидашуда;
- экспертизаи маводҳо оиди ҳисоби захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок ва асосноккунии техникӣ-иқтисодии кондитсияҳои ашёи минералӣ ва тасдиқи онҳо;
- тасдиқи захираҳои канданиҳои фоиданоки гуногун;
- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ.
Суроға: КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 25.
Тамос: 227-55-20
Факс: 227-36-01
Почтаи электронӣ: kdztojikiston@gst.tj
Рӯзҳои қабул барои шаҳрвандон:
рӯзи шанбе аз соати 8.00 то 12.00