
Рӯзи таввалуд: 9 декабри соли 1966
Ҷойи таввалуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳсилот:
1989 - окончил Таджикский государственный медицинский университет (ТГМУ) имени Абуали ибн Сино.
Маълумот:
Оиладор, соҳиби чор фарзанд.
1989 -1990 ба ҳайси интернаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
1991-1992 дар вазифаи табиб-ҷарроҳи Дармонгоҳи шаҳрии №7-и назди Маркази тиббии шаҳрии шаҳри Душанбе кор кардааст.
1992-1998 ҳамчун табиб- ординатори шӯъбаи ҷарроҳӣ дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст.
1998-2008 дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе кор кардааст.
2008-2014 ҳамчун сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.
2002-2004 ба ҳайси ассисент, баъдан дотсенти кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият намудааст.
2008-2014 ҳамчун профессори кафедраи мазкур, инчунин ба ҳайси мудири кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият кардааст.
Аз моҳи марти соли 2014 дар вазифаи сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ кор кардааст.
2017 - 2020 дар вазифаи Директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” фаъолият намудааст.
Аз соли 2020 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Унвони илмӣ: доктори илмҳои тиб, профессор.
Унвони фахрӣ:
соли 2009 - бо Медали Шафқат сарфароз гардонида шудааст.
соли 2015 - бо унвони фахрии Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.