Раёсат дар доираи масъалаҳои ба салоҳияти он вогӯзоргардида вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд:
- татбиқи функсияи Вазоратро оид ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмин менамояд;
- татбиқи вазифаҳо оид ба ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазоратро таъмин менамояд;
- таъмини иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ташкилии фаъолияти Вазоратро аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат мансуббуда амалӣ месозад.
Вобаста ба вазифаҳои асосӣ Раёсат функсияҳои зеринр оамалӣ менамояд:
- омода намудани пешниҳодҳо оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар асоси таҳлил ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи бозори меҳнат;
- омода намудани пешниҳодҳо оид ба таъмини ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони бекор;
- хулосабарорӣ намудани таҷрибаи истифодаи қонунгузорӣ дар самти шуғли аҳолӣ, таҳлили сабабҳои қонунвайронкунӣ ва омода намудани пешниҳодҳо оид такмили он;
- омода ва баргузор намудани ҷаласаҳо, семнарҳо ва дигар чорабиниҳо аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсат дохил мегарданд;