Санаи 15 апрели соли 2026 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти раёсати раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар се моҳи соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, клубу хонаҳои фарҳанг марказ ва бунгоҳҳои саломатӣ, роҳбарони хоҷагиҳои ҷамоавӣ, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ иштирок намуданд.
Дар ибтидо оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар се моҳи соли 2026 муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон ҳисобот дод. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар се моҳи аввали соли 2026 фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тақвият додани корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум равона намудааст.
Дар идомаи маҷлис муовинони раиси ноҳия, инчунин сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Азимзода С, сардори нозироти андоз Сафаралиев Х, мудири бахши омор Ҷамолиддин Ф, мудири шуъбаи кишоварзӣ Элтаназаров Ҷ, мудири шуъбаи маориф Давлатзода Б, сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Алихонзода Ҳ, сардори шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Дӯстов А, сардори шабакаҳои барқи ноҳия Раҷабов И ва раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз натиҷаи фаъолияти семоҳаи худ маълумот доданд.
Раиси ноҳия ҳамчунин фаъолияти хоҷагии халқи ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум роҳбарони тамоми сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, ташкилот, корхона, муассисаҳо ва вакилон - намояндагони мардум аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, барои сазовор ҷамъбаст намудани сол чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат баромад намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор таҷлил намудани 35 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ бояд тақвият дода шуда, масъулин ва сокинон бо ифтихори баланди ватандустӣ дар самти вусъати корҳои ободониву созандагӣ аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.
Бо вазифагузории масъулини сохторҳо ба маҷлиси ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар се моҳи соли 2026 ҳусни анҷом бахшида шуд.