29 сентябри соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (даъвати ҳафтум ) баргузор гардид. Дар кори иҷлосия дар иртибот бо масъалаҳои муҳокимашаванда…
29 сентябри соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (даъвати ҳафтум ) баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия дар иртибот бо масъалаҳои муҳокимашаванда муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки даъват шуда буданд, иштирок доштанд.
Инчунин дар кори иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Қодирова Фарзона- иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.
Бо садо додани Суруди миллӣ ва муайян намудани регламенти кори иҷлосия нахуст ахбороти раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот Давлатзода Баҳодур оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Чашмаи Назар №13 ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шунида шуд.
Сипас аз тарафи муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 28 декабри соли 2020, №704 «Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 ноябри соли 2020, №321 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 «Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» дар ноҳия мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Ҳамчунин доир ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 6 декабри соли 2024, №655 «Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 ноябри соли 2024, №265 «Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1октябри соли 2024, №521 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» дар ноҳия ахбороти муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон шунида шуд.
Ҳамчунин ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот шунида шуд.
Ҳама масъалаҳои нақшавӣ дар ҷараёни кори иҷлосия пурра баррасӣ гардида, баъди музокира ва ба мадди назар гирифтани таклифу пешниҳоди баромадкунандагон аз рӯи масъалаҳои баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.