28-уми декабри соли ҷорӣ аз тарафи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар остонаи Соли нави мелодӣ ба 131 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кумаки яквақтаи ғизоӣ аз қабили орд, пиёз, картошка, биринҷ, шакар, равған, собун ва дигар ашёҳои рӯзгор расонида шуд. Ҳамчунин дар ин замина бо тарбиятгирандагон хони идона ороста шуд.
Масъулини донишгоҳ зимни баромад дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолиро, ки дар назорати бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ҳамчун нишонаи сиёсати инсонпарваронаи роҳбарияти олии кишвар дониста, таъкид намуданд, ки аз ин мебояд мо баҳри пойдории сулҳу суботи комил дар кишвар ҳамеша талош варзем ва бо динишу зиракии сиёсӣ якпорчагии меҳани азизамонро ҳифз намоем.