10 июли соли 2026 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Раиси Шӯрои директорони ширкати “Shaanxi Apple Group Co., Ltd.”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Сисюн баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади татбиқи…
10 июли соли 2026 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Раиси Шӯрои директорони ширкати “Shaanxi Apple Group Co., Ltd.”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Сисюн баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур бо мақсади татбиқи «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи агросаноатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Shaanxi Apple Group Co., Ltd.», ки 11 майи соли 2026 дар шаҳри Пекин ба имзо расидааст, баргузор карда шуд.
Зимни баромади худ Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои бунёди боғу токзор тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, иқлими Тоҷикистон барои бунёди боғҳо, бахусус барои бунёди боғи себ мусоид мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаи таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои нави муосир дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Раиси Шӯрои директорони ширкати “Shaanxi Apple Group Co., Ltd.”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба пешниҳодҳои мазкур ҳавасмандӣ карда, омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дарозмуддат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир барои бунёди боғи себ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ изҳор намуд.