eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
1 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 22-юми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид
Саҳифаи асосӣ
More
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
1 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 22-юми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид
1 октябри 2026
1 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 22-юми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид
Ҷаласа таҳти ҳамраисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия баргузор гардида, зимни он вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар…
Previous slide
Next slide
Ҷаласа таҳти ҳамраисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия баргузор гардида, зимни он вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ гардиданд.
Дар ин замина ҷонибҳо рушди устувори робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро таъкид намуданд. Аз ҷумла, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соли 2025 2 млрд. 472,5 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2024 24,8 фоиз афзоиш ёфт. Тамоюли мазкур дар соли 2026 низ идома ёфта, дар моҳҳои январ–август ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар ба 1 млрд. 676,5 млн. доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,4 фоиз зиёд мебошад.
Бо назардошти ин натиҷаҳо, дар рафти ҷаласа ба масъалаҳои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони ду давлат ва татбиқи саривақтии созишҳои бадастомада таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа ҷонибҳо Протоколи ҷаласаи 22-юми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расонида, ба вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии бандҳои он супоришҳои дахлдор доданд.
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
Dushanbe city Rudaki 78
Оид ба Вазорат
Тамос
Фаъолият
Маркази матбуот