1 июли соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, зерсохторҳо ва кормандони вазорат ҷаласа вобаста ба қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, доир шуд.
Дар оғози ҷаласа Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ҳозиринро ба муносибати қабули қатънома самимона табрик намуда, қайд кард, қабули ин қатънома боз як далели эътирофи нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалии сулҳофар ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароите рост омад, ки дар кишварҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои байни давлатҳо дучор мебошанд.
Бо шарофати хислатҳои неки инсондӯстонаву некбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси навбатии қабулгардида бори дигар Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.