26 июн дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони вазорат чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, зимни он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини сулҳу субот, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори кишвар заминаи боэътимод фароҳам овардааст.
Дар ҷараёни суханронӣ аз нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар ёдоварӣ гардида, таъкид шуд, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст.
Ҳамзамон, иштирокчиёни чорабиниро бо қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмиллалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (солҳои 2027–2036)», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, табрик намуда, зикр гардид, ки қабули ин қатънома боз як далели эътирофи нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалии сулҳофар ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид карда шуд, ки ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, танҳо дар фазои ваҳдат ва ҳамбастагӣ метавон ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардид.