Мулоқот бо Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ
18 июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Бонки Исломии Рушд мулоқоти ҳайати кишвар таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо /мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон…
18 июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Бонки Исломии Рушд мулоқоти ҳайати кишвар таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо /мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа доир шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар самтҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ баррасӣ карда, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳои Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалиро барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, бахусу дар соҳаҳои зикргардида муҳим арзёбӣ намуданд.