18 июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, ки бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер доир шуд, иштирок намуд.