2 июни соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки муовини вазир Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳимзода Шабнам Карим ва кормандони вазорат, бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли…
2 июни соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки муовини вазир Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳимзода Шабнам Карим ва кормандони вазорат, бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Зимни суханронӣ аз ҷониби Насриддинзода Р. Ҳ. иброз гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои рушду ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои Ҳукумати кишвар ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони ватандӯсту хештаншинос муҳайё кардааст.
Бо шукргузорӣ аз ғамхориҳои бешумори давлату ҳукумат ҷавонони мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ, дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср ва пешрафти илму фарҳанг ва варзиш саҳми бисёр назаррас доранд.
Баъдан муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш низ вобаста ба нақши ҷавонон дар пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ ва расидан ба ҳадафҳои давлату ҳукумати кишвар ибрози ақида намуд.
Инчунин аз ҷониби кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯнамо таҳти унвони “Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисоди рақамӣ” пешкаши иштирокчиён карда шуд.
Дар охири чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли вазорат аз ҳисоби ҷавонон бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.