Вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 июни соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике баргузор…
2 июни соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд изҳор намуданд.