Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи озмоишии андозбандии соҳибкорони инфиродӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар марҳилаи муосири рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 яке аз самтҳои афзалиятнок такмили низоми андоз, рушди соҳибкорӣ ва густариши иқтисоди рақамӣ муайян гардидааст, ҷорӣ намудани лоиҳаи озмоишии мазкур як қадами муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳи моҳияти ин ташаббус таъкид менамояд, ки лоиҳаи мазкур ба манфиати мардум ва соҳибкорон роҳандозӣ шуда, се ҳадафи асосиро дар бар мегирад:
Бо ҷорӣ намудани ин лоиҳаи озмоишӣ шахсоне, ки воқеан фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳанд, вале то ҳол ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта нашудаанд, ба фазои расмии иқтисодӣ ҷалб карда мешаванд.
Имтиёзҳои асосии лоиҳа барои соҳибкорон ва шаҳрвандон
Дар доираи лоиҳаи озмоишӣ меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ ду маротиба паст карда шудааст — аз 6 фоизи қаблӣ ба 3 фоиз. Ин қарор имкон медиҳад, ки соҳибкорон қисми бештари даромади худро барои васеъ намудани фаъолият, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона созанд.
Низоми нав хусусияти рақамӣ ва худкор дорад. Соҳибкор аз пур кардани эломияҳои мураккаб, ҳисоб-китобҳои дастӣ ва муроҷиатҳои такрорӣ ба мақомоти андоз озод мегардад. Ҳисобкунӣ дар асоси амалиёти воқеӣ дар ҳамёнҳои электронӣ ба таври автоматикӣ сурат мегирад.
Яке аз навгониҳо он аст, ки 1 фоиз аз меъёри андоз ба ҳисоби харидор (пардохткунанда) баргардонида мешавад.
Маълумот дар бораи соҳибкори инфиродии нав ба қайдгирифташуда ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда мешавад. Шаҳодатномаи тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ба таври электронӣ тариқи ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дастрас мегардад.
Кадом амалиёт андозбандӣ КАРДА НАМЕШАВАД
Бо назардошти эҳтимолияти ба миён омадани гуногунфаҳмиҳо дар байни шаҳрвандон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ медиҳад, ки лоиҳаи озмоишии мазкур ба амалиёти оддии байни шаҳрвандон дахл надорад, яъне интиқоли маблағ байни аъзои оила, интиқоли маблағ байни хешу табор, интиқолҳои байни шаҳрвандон, ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, кумакҳои дӯстона, тӯҳфаҳо ва ҷубронҳои хонаводагӣ андозбандӣ карда намешаванд.
Танҳо амалиётҳое ҳамчун тиҷоратӣ эътироф мешаванд, ки нишонаҳои возеҳи фаъолияти соҳибкорӣ доранд — масалан, агар ба як шахси воқеӣ дар давоми як моҳ зиёда аз 80 пардохт аз шахсони гуногун ворид гардад.
Лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ на бори иловагӣ ба мардум, балки имтиёзи нав дар низоми андози кишвар мебошад.
Дар робита ба ин аз истифодабарандагони ҳамёнҳои электронӣ хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои пардохти электрониро бидуни хавф ва нигаронӣ фаъолона истифода баранд.