11 феврали соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2025 баргузор гардид.
Нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи кормандони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар (беш аз 46 намояндагон) таҳти раёсати роҳбарияти вазорат гузаронида шуд.
Дар оғози нишаст аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ вобаста ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2025 гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон барои намояндагони воситаҳои ахбори омма пресс-релиз бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаш гардид.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иҷрои стратегияву барномаҳо, рушди зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва сабз, ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ ва ғайра посух дода шуд.