3 феврали соли 2026 дар ҳошияи Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар Мизи мудаввари сатҳи баланди вазирон таҳти унвони «Аз таҷрибаи ислоҳот то муколамаи ҷаҳонӣ: чӣ гуна ҳукуматҳо таҳти маҳдудиятҳо рушди иқтисодӣ, эътимод ва натиҷаҳоро таъмин менамоянд» иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои калидии идоракунии самараноки давлатӣ, татбиқи ислоҳоти сохторӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа дар шароити захираҳои маҳдуд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти чорабинӣ Абдураҳмонзода А. С. таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ислоҳоти иқтисодӣ, рақамисозии идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии сиёсати иқтисодӣ муаррифӣ намуд.