Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, бо иштироки мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳабибзода Фарҳод Қудратулло, муовинони вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва кормандони дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2025 ва вазифаҳо то нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Ҷаласаи Ҳайати мушовара бо суханони ифтитоҳии вазири рушди иқтисод ва савдо оғоз гардида, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2025 ва вазифаҳо то нимсолаи якуми соли 2026 аз ҷониби муовини вазир Восидиён Ф. С. гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод гардид.
Абдураҳмонзода А. С. ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бартараф намудани камбудию норасоиҳо ва бозҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли 2026 ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарони сарраёсату раёсатҳо ва муассисаҳои зертобеи вазорат дар бораи фаъолияташон ҳисобот пешниҳод карда шуд. Дар охири ҷаласаи Ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.