12 декабри соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии назоратӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум ва муовинони вазир, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва дигар шахсони масъули вазорат иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳо вобаста ба иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармоишу супоришҳои протоколии ҷаласаҳои қаблии назоратии назди вазир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо назардошти натиҷаи баррасии масъалаҳои матраҳгардида, вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода А. С. ба роҳбарон ва масъулони сохторҳои дахлдор барои иҷрои саривақтӣ ва пурраи вазифаҳои хизматӣ супоришҳои мушаххас дод.