10 октябри соли 2025 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Геннадьевич Решетников баргузор гардид, ки дар он ҳамчунин Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин иштирок намуданд.
Дар оғоз Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия сол то сол то сатҳи стратегӣ рушд ёфта, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду кишвар такони иловагӣ хоҳад бахшид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар музокироти сарони давлатҳо додашуда, масъалаҳои афзоиш додани содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Россия, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва нассоҷиро муҳокима намуданд.
Қайд гардид, ки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар 8 моҳи соли ҷорӣ тақрибан 1,5 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз афзудааст.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, саноатӣ, кишоварзӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуда, андешидани тадбирҳои иловагиро барои амалисозии Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ зарур шумориданд.
Дар навбати худ, Решетников М. Г. изҳор дошт, ки Россия ҷонибдори густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон буда, вобаста ба афзоиши содироти молҳои Тоҷикистон ба Россия, бартараф намудани монеъаҳои мавҷуда, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак, самаранок гардонидани механизми долони сабз, инчунин таъсиси маркази логистикӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳафтаи оянда тавассути видеоконфронс иҷрои мувофиқаҳои бадастомадаро пайгирӣ намоянд.