2 октябри соли 2025 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи машваратии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло ва ҳайати намояндагони Бонки олмонии рушд (KfW) таҳти роҳбарии Менеҷери калони портфелии KfW ҷаноби Маттиас Грюнингер баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ Насриддинзода Р. Ҳ. аз номи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳайати Бонкро хайрамақдам гуфта, барои ҳамкории судманд ва саҳми назарраси KfW дар татбиқи лоиҳаҳои устувори рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Насриддинзода Р. Ҳ. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар заминаи сиёсати “дарҳои кушод” – и Тоҷикистон имкониятҳои фаровон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои пурмаҳсул бо шарикони байналмилалӣ оид ба рушд фароҳам омадаанд.
Қайд гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо KfW дар соҳаҳои муҳими ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таҳкими инфрасохтори муҳандисӣ ва рушди иҷтимоӣ нақши муҳим дорад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши хатарҳои экологӣ, дастгирии шарикони байналмилалӣ барои рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти хоса пайдо менамояд.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки KfW худро ҳамчун шарики боэътимод дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи «Тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи заминҳои ба тағйирёбии иқлим мутобиқшуда ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ», ки самтҳои муҳими ҳифзи муҳити зист, инфрасохтор ва рушди минтақавиро дарбар мегирад, собит намудааст.
Муовини вазир натиҷаҳои мусбати дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи болозикр, аз қабили имзои ду шартнома оид ба хидматҳои машваратӣ дар соҳаи арзёбии идоракунии ҷангалу чарогоҳҳо ва таҳлили топографиву гидрологӣ, интихоби чор ҳавзаи об аз 11 минтақаи лоиҳа, оғози корҳои амалӣ дар ҳавзаҳои обии Варзигон (ноҳияи Рашт), Амондара (шаҳри Панҷакент) ва ғ. ба даст омадаро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо мушкилоти мавҷудаеро, ки дар ҷараёни иҷрои лоиҳа ба миён омадаанд, баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баррасии ин мушкилот ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва суръат бахшидан ба иҷрои амалҳои лоиҳавӣ мебошад. Аз ҷумла, масъалаҳои таъхир дар тасдиқи баъзе ҷузъҳои лоиҳа, тӯлонӣ будани тартиби розигӣ барои додани техника ба муассисаҳои давлатии ҷангалпарварӣ, инчунин зарурати тақвияти ҳамкории техникию ташкилӣ аз ҷониби гурӯҳи лоиҳа баён гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Насриддинзода Р.Ҳ. изҳор дошт, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо омода аст барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва таҳкими ҳамкорӣ бо KfW тамоми дастгирии заруриро анҷом диҳад ва ҷониби Бонк омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур дар муҳлати муайянгардида изҳор намуд.