Рӯзи 22 сентябри соли 2025 ҷаласаи 19-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А. А. баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа се масъала вобаста ба баррасии лоиҳаҳои «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», Харитаи роҳ дар бораи соддагардонии расмиёти савдои байналмилалӣ ва беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2028», инчунин «Ҳисобот вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки дар асосии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас иҷро шудааст ва вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо дар ин самт чораҳои амалӣ меандешанд.
Ҳамзамон дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.
Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, Ҳисобот вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо тасдиқ карда шуд.