17 сентябри соли 2025 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Президенти Бунёди ҷаҳонии Annual Investment Meeting (AIM) Довуд Ал-Шезавӣ баргузор гардид.
Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ҳарду давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муҳтарам Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳён муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи баланд баромаданд.
Қайд гардид, ки ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол миёни ду кишвар дар 9 моҳи соли 2025 беш аз 2 баробар афзудааст. Бо вуҷуди ин ҷонибҳо зарурати тавсеаи тиҷорати дутарафаро таъкид намуда, ба мувофиқа расиданд, ки имкониятҳои истифоданашударо дар соҳаҳои саноат, энергияи сабз, кишоварзӣ, авиатсия, сайёҳӣ ва логистика пурра истифода намоянд.
Баъд аз муҳокимаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, ҷонибҳо изҳори омодагӣ барои рушди инфрасохтор, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои нав иброз доштанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фаровон барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ дорад, аз ҷумла дар соҳаи энергияи барқароршаванда, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин рушди кластерҳои саноатиро дорост.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ дар доираи платформаи AIM ба густариши муносибатҳои иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоягузориҳои мутақобила мусоидат хоҳад намуд.