18 августи соли 2025 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи доимии навтаъини Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Судипто Мукерҷӣ баргузор гардид.
Завқизода З. А. Судипто Мукерҷиро ба муносибати ба вазифаи намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш табрик карда, ба ӯ муваффақиятҳо арз намуд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ ва дигар шарикони рушди кишвар устувории иқтисодӣ таъмин шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Аз ҷумла, новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, дар давоми чор соли охир суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,5 фоиз таъмин гардид.
Қайд гардид, ки Барномаи рушди СММ шарики боэътимоди Тоҷикистон дар чунин самтҳо ба монанди тақвияти иқтидори зеҳнӣ, таҳкими раванди банақшагирии стратегӣ ва низоми миллӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ, дастгирии равандҳои таҳияи Шарҳи ихтиёрии миллӣ (VNR), Шарҳи ихтиёрии маҳаллӣ (VLR) ва таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ барои солҳои 2026-2030 ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои дутарафаро дар самтҳои мусоидат барои амалигардонии ҳадафу афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии сатҳи маҳал ва амалисозии Ҳадафҳои рушди устувор муҳим арзёбӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки Барномаи рушди СММ айни замон дар марҳилаи таҳияи Барномаи кишварӣ қарор дорад, ки бояд пурра бо ҳадафу афзалиятҳои миллӣ, бахусус Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030, ҳамоҳанг гардад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати сафарбаркунии захираҳои молиявӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои шарикони рушд ва кӯмаки донорҳо ва татбиқи барномаҳои миллӣ ва ҲРУ иброз доштанд.