6 августи соли 2025 дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. иштирок ва суханронӣ намуда, ҷанбаҳои муҳимми рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дастовардҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар давраи соҳибистиқлолӣ муаррифӣ намуд.
Қайд гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суръати миёнасолонаи рушд дар байни солҳои 2000-2024 7,7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воқеии ММД-и кишвар 10,6 маротиба ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 8,6 маротиба афзуд.
Дар баромад оид ба ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дар самти рушди минтақаҳои дурдасти кишвар, бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон диққат дода шуд. Танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ ба вилоят беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардида, садҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва инфрасохторҳои муҳими саноатӣ сохта шудаанд. Ин ҳама тадбирҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҷалби сармоягузорӣ ва тавсеаи имкониятҳои иқтисодии маҳалҳо мусоидат менамоянд.
Инчунин тадбирҳои пешбинишуда дар СМР-2030 муаррифӣ шуда, нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ба кишвари “сабз” мубаддал гардонидани Тоҷикистон қайд гардиданд.
Дар охир Солеҳзода А. А. аз аҳаммияти ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд дар татбиқи сиёсати устувори макроиқтисодӣ таъкид намуда, омодагии вазоратро барои дастгирии ташаббусҳои муштарак баён намуд.