Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Парламентии СААД иштирок намуд
Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Парламентии СААД, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардида истодааст, иштирок намуд.
Қабл аз оғози ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ раисони парламентҳои кишварҳои СААД дар маросими тантанавии гузоштани гулчанбар дар назди Қабри аскари номаълум дар боғи Александрови назди Қасри Кремл иштирок намуда, хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ доштанд. Иштирокчиёни маросим бо дақиқаи хомушӣ хотираи ҷанговаронеро, ки барои озодии Ватан ҷони худро фидо кардаанд, пос доштанд.
Ҳифзи хотираи таърихӣ дар бораи Ғалабаи бузург (1941-1945), ҳимояи ҳақиқат дар бораи ҷанг ва муқовимати муштарак ба ҳар гуна кӯшишҳои таҳрифи таърих ҳамчун омилҳои муҳимми муттаҳидкунанда аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти парламентчиёни кишварҳои СААД боқӣ мемонанд.
Ғалабаи умумӣ ва корнамоиҳои халқҳои собиқ Шуравӣ пояи мустаҳками ахлоқӣ барои рушди муносибатҳои иттифоқӣ ва таҳкими амнияти дастаҷамъӣ дар замони мо маҳсуб меёбанд.
Дар рӯзномаи ҷаласа баррасии чолишҳо ва таҳдидҳои муҳимми амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин масъалаҳои наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмон ба манфиати таъмини суботи умумӣ дар назар аст.
Хабарҳои охирин