Файзалӣ Идизода ба шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия сафар намуд
Имрӯз ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода даъвати Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмуш ва Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммад Ризо Маҷидиро пазируфта, барои иштирок дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди Байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсозии Ассамблеяи парламентии Осиё ба шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия сафар намуд. Ба ҳайати парламентӣ Азиззода Ғайрат- узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, Саидӣ Дилафрӯз - узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва Файзуллозода Зафар - мудири Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.
Дар назар аст, ки зимни сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати воломақоми Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳод мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, роҳҳои таҳкими равобит ва густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ баррасӣ шавад.