Тавре қаблан иттилоъ додем Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо даъвати Раиси палатаи обшини Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Линдси Ҳойл барои иштирок дар мулоќоти ҳайатҳои парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи обшини Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Лондон сафари расмӣ анҷом доданд.
Дар чаҳорчуби ин сафар Файзалӣ Идизода бо ҳамтои худ Линдси Ҳойл мулоқоти дуҷониба намуд, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ба рушди босуръати муносибатҳои боэътимоду эътимодбахш бо Британияи Кабир дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла густариши робитаҳои байнипарлумонӣ хеле манфиатдор аст. Гуфта шуд, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар равобити байнидавлатии Тоҷикистону Бритониё мақоми хосаеро ишғол намуда, намунаи барҷастаи муколамаи ошкоро, созанда ва пурмазмун аст.
Ҳамчунин, Файзалӣ Идизода бо намояндагони кумитаҳои дахлдор ва гурӯҳҳои вакилони Парлумони Шоҳигарии Муттаҳида вохурӣ намуда, бо ҳамватанони муқими Подшоҳӣ мулоқот намуд.