Тавре қаблан иттилоъ додем Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо даъвати Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмуш ва Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммад Ризо Маҷидиро пазируфта, барои иштирок дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди Байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсозии Ассамблеяи парламентии Осиё ба шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия сафари корӣ анҷом доданд.
Дар чаҳорчӯби ин сафар Файзалӣ Идизода бо ҳамтои худ - Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Марлен Маматалиев мулоқот намуд.
Ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгирии якдигар дар чаҳорчӯби платформаҳои байналмилалии парламентӣ, аз қабили Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ, Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ ва Ассамблеяи парламентии САҲА муҳим арзёбӣ гардид.
Барои мо анъанаҳои неки ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва бародарӣ, ки аз замонҳои қадим байни халқҳоямон вуҷуд доранд, арзиши бузург дорад. Маҳз ба шарофати ҳамин анъанаҳои нек ба мо муяссар гардид, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври таърихӣ ба имзо расад. Дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамсоягии нек, махсусан, нақши Сарони давлатҳоямон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров басо бузург аст.
Мо иродаи қавӣ дорем, ки ҳамкориҳои байнипарлумониро бо Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон таҳким бахшида, онро густариш диҳем. Зарур мешуморем, ки табодули таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ фаъол гардонида шавад, ҳамкориҳо миёни гурӯҳҳои дӯстии парламентӣ тақвият ёбанд ва муколама дар доираи созмонҳои байналмилалии байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Гурӯҳи авруосиёии Иттиҳоди байнипарламентӣ, ҷиҳати рушди дипломатияи парламентӣ ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои глобалӣ, таҳкими эътимод, ҳамсоягии нек ва субот густариш ёбад, - гуфт дар анҷоми мулоқот Файзалӣ Идизода.