Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ бо роҳбари ҳайати вакилони Парламенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Шоҳидул Ислом мулоқот намуд.
Идизода Файзалӣ зикр намуд, ки мо ба рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Бангладеш бахусус дар робита ба соҳаҳои иҷтимоиёт ва фарҳанг таваҷуҳ намуда, бар он назарем, ки таҳкими муносибатҳо байни ниҳодҳои давлатии ду кишвар, аз ҷумла парламентҳо вобаста ба фаъолияти Ассамблеяи парламентии Осиё, ки аъзои он ҳастем муҳим мебошад.
Мо бар он боварем, ки парламент мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ мебошанд, ки метавонад ҳамчун майдони муколама, табодули таҷриба ва эътимод миёни давлатҳо хизмат намоянд. Ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ ва дипломатияи парламентӣ бо зиёда аз 70 парламенти дунё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ созмон додаем. Дар ин замина, яке аз масъалаҳои, ки мехостам имрӯз ба он таваҷҷуҳ намоям, таъсиси гурӯҳи дӯстии байнипарламентӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш мебошад.
Мо бар он назарем, ки гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ метавонад барои мулоқоти байниҳамдигарӣ, муколама, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, ташкили сафарҳои мутақобилаи парламентӣ, таҳкими робитаҳои байни кумитаҳои соҳавӣ ва баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн заминаи мусоид фароҳам оварад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Бангладеш дар соли гузашта 106 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Мо ҷонибдори рушди робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Бангладеш, табодули донишҷӯён, омӯзгорон, олимон ва муҳаққиқон, инчунин татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва таълимӣ ҳастем.
Мо аҳаммияти ҳамоҳангсозии мавқеъҳои парламентҳои ду кишварро дар доираи созмонҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои марбут ба рушди устувор, тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои глобалӣ муҳим мешуморем.
Итминон дорем, ки мулоқоти имрӯзаи мо қадами дигари устувор дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни парламентҳои ду кишвар хоҳад буд, - изҳор кард дар фарҷоми суҳбат Файзалӣ Идизода.