18-20 сентябри соли 2026 интихоботи вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустам Шоҳмурод ба ҳайси ҳамоҳангсози кори нозирони АП СААД иштирок намуд.
Бояд зикр намуд, ки дар рӯзи овоздиҳӣ ба интихоботи вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Парламентии СААД ба мониторинги раванди интихобот, аз ҷумла аз лаҳзаи кушода шудани участкаҳои интихоботӣ, оғоз карданд.
Ҳамоҳангсози кори нозирони АП СААД, намояндаи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, ки субҳи барвақт аз як қатор участкаҳои интихоботӣ дар пойтахти Русия боздид намуд, сатҳи омодагӣ ва фаъолияти аъзои комиссияҳои интихоботиро баланд арзёбӣ кард.
«Аъзои гурӯҳи кории мо бевосита ҳангоми кушода шудани участкаҳои интихоботӣ ҳузур доштанд. Бар асоси мушоҳидаҳои мо, бо итминони комил метавон гуфт, ки тартиботи меъёрии оғози кори субҳгоҳии участкаҳо ба таври қатъӣ риоя шуданд. Санҷиш ва мӯҳргузории қуттиҳои овоздиҳӣ, санҷиши таҷҳизот, инчунин кор бо ҳуҷҷатҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи интихоботии Федератсияи Русия ба таври қатъӣ анҷом дода шуданд», – таъкид кард Рустам Шоҳмурод.