27.08.26. Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагон Зафар Ализода дар шаҳри Левакант бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуд.
Гуфта шуд, ки Сарвари давлат солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат муқаррар карда, дар доираи он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Ҳамзамон, Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси он барномаҳои гуногуни соҳавӣ қабул шуда, мавриди амал қарор доранд.
Саноат яке аз соҳаи муҳимтарини иқтисодиёти ҳар як давлат ба ҳисоб рафта он дар ҳар давру замон барои кишварҳо соҳаи калидии рушди иқтисод маҳсуб меёбад.
Маҳз давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққинамуда дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори бештаре доранд.
Дар сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади некуаҳволии мардум рушд додани ин бахш аз муҳимтарин самтҳо қарор гирифтааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ саноати Тоҷикистон роҳи пурифтихори рушдро тай кард. Шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 358 адади соли 1991 ба зиёда аз 3972 корхона расид.
Дар доираи солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат бо иштироки Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ 177 корхонаи саноатӣ бо 14861 ҷойи кори доимӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мошинсозӣ, хурокворӣ, саноати сабук, сохтмон, коркарди маъдан ба истифода дода шуд.
Дар маҷмуъ танҳо дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Зафар Ализода, инчунин, ба Коргоҳҳои истеҳсоли ранги хатҳои уфуқии роҳ, ашёи хоми маводи шустушӯӣ, мебели инноватсионӣ ва Корхонаи муосири «Хишти диёр» дар шаҳри Левакант, ки ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат аз тарафи ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант бунёд шуданд, ташриф овард. Коргоҳҳои мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, намунаи амалии рушди истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб мераванд.