26.08.26 Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода ва Ҳақназарзода Фирӯз бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бузург ва дастоварди таърихӣ буда, маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ барои рушди устувори кишвар ва зиндагии шоистаи мардум заминаҳои мусоид фароҳам омадааст. Дар ин замина саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар махсус таъкид карда шуд. Зикр гардид, ки бо роҳбарии Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои бузурги созандагию ободонӣ амалӣ гардида, барои пешрафти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муҳим роҳандозӣ шудаанд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда баргузор гардида, иштирокдорон омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.