26.08.26 Имрӯз раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Ғиёсиддин бо интихобкунандагон дар Ҷамоати шаҳраки Шаҳринав ва Ҷамоати деҳоти Сабо вохӯрӣ намуд. Зикр гардид, ки чор ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, таъмини саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд.
Ба пешвози сазовори ҷашни муқаддас ва бузурги миллиамон - 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд.
Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ва гузаштан ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ низоми идоракунии молияи давлатӣ марҳила ба марҳила ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, такмил дода шуд.
Дар ин марҳилаи таърихӣ ҷиҳати таҳкими сиёсати молиявиву иқтисодии мамлакат зиёда аз 20 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шуданд, ки татбиқи онҳо ба таъмини мустақилияти ягонаи молиявии миллии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Сарчашмаи асосии қисми даромади буҷети давлатӣ ин андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ мебошанд.
Агар сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2004 - 80 фоизро ташкил дода бошад, соли 2010 он ба 45 фоиз ва соли 2025 ба 19 фоиз поён фароварда шуд.
Таҳти сиёсати оқилонаю хирадмандонаи муҳтарам Пешвои муаззами миллат имконият фароҳам оварда шуд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва фискалӣ дар сатҳи устувор қарор дода шуда, рушди бонизоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ таъмин карда шавад.
Маҳз бо татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ММД аз 13,4 млн сомонии соли 1991 ба 195,5 млрд сомонӣ дар соли 2026 баробар гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон ба вакил бо дархосту саволҳои худ муроҷиат намуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.