24 августи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳрии шаҳри Ҳисор вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор 7 Сурайё Дӯстмуродзода бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр вохӯрӣ намуд.
Дӯстмуродзода Сурайё –оид ба масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинии сокинон ва фарҳанги миллӣ сӯҳбат намуд.
Қайд гардид, ки кормандони соҳаи тиб бояд дар баробари дониши касбӣ дорои фарҳанги баланди муошират, масъулияти шаҳрвандӣ, меҳрубонӣ ва эҳтиром ба бемор бошанд. Зеро барои бемор сухани нек, муносибати самимӣ ва умеди табиб низ метавонад бахше аз раванди табобат гардад.
Дар идомаи вохӯрӣ аз дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат ёдовар шуда, оид ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар бахусус, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафт, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири соҳаи тандурустӣ ибрози андеша намуд ва дар иртибот ба мавзуҳои болозикр муколаммаи озоди афкори иштирокчиён сурат гирифт.
Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри таҳкими Истиқлоли давлатӣ саҳмгузорӣ намоянд.
Инчунин гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмат барои миллати тоҷик мебошад, ки имсол маруми шарифи кишвар 35-солагии ин рӯйдоди фарраҳбахшу таърихиро дар фазои сулҳу субот таҷлил менамоянд.
Таъкид гардид, ки вазъи бавуҷудомадаи ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақти дигар ба моҳияти Истиқлолу ваҳдати миллӣ расем ва фарзандонро дар ин рӯҳия тарбия намоем.