24 августи соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботзода Сиёвуш бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии сиёсӣ набуда, балки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди ҳамаҷонибаи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин давра Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирифта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ободонии шаҳру ноҳияҳо ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар тадбирҳои пайваста амалӣ гардидаанд.
Таъкид шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, бунёду таҷдиди иншооти муҳимми давлатӣ ва иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, рушди муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангӣ, инчунин ободонии шаҳру ноҳияҳо ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфтааст.
Дар идомаи мулоқот нақши сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолӣ ҳифз ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Ҳамзамон, ба нақши ҷавонон дар рушди минбаъдаи давлат, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва идомаи корҳои созандагӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки насли ҷавон бояд дастовардҳои даврони истиқлолро қадр намуда, бо дониш, меҳнати софдилона ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорад.
Мулоқот дар фазои созанда баргузор гардида, иштирокчиён омодагии худро барои идомаи корҳои ободониву созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи ноҳияи Фирдавсӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол баён намуданд.