24 августи соли 2026 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и деҳаи Талхоби Ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулзода Маҳмадшоҳ бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва дигар масъалаҳои муҳимми рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкониятҳои васеъро ҷиҳати рушди устувори кишвар, ободонии маҳалҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум фароҳам овардааст.
Зикр шуд, ки ба роҳ мондан ва татбиқи чор ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти энергетикӣ а истифодаи самарабахши неруи барқ, таъмини саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул барои кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд.
Ҳамзамон, иштирокчиёни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва рӯзмарраи ҷомеа андешаронӣ намуда, пешниҳодҳои худро баён карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар корҳои созандагию ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро гузорад.