Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлис аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли аш-Шайх мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода нахуст меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонашро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Мо аз пазируфтани даъват ва дубора ташриф овардани Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки идомаи муколамаи сатҳи баланд байни мақомоти қонунгузори ду кишвари дӯст мебошад, изҳори қаноатмандии амиқ менамоем.
Мо бар он боварем, ки сафари мазкур яке аз рӯйдодҳои муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ маҳсуб ёфта, барои таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва густариши шарикии дуҷониба мусоидат хоҳад намуд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона, ояндасози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи пайгиронаи Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Подшоҳии Арабистони Саудӣ муҳтарам Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, инчунин Валиаҳд ва Сарвазири ин кишвар муҳтарам Муҳаммад ибни Салмон, муносибатҳои ду давлат имрӯз ба сатҳи сифатан нав баромада, дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мунтазам рушд доранд.
Мо аз он изҳори қаноатмандӣ менамоем, ки ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузории ду кишвар низ сол аз сол густариш ёфта истодаанд.
Маҷлиси намояндагон нақши дипломатияи парламентиро ҳамчун воситаи муҳимми таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ва тақвияти эътимоди мутақобил баланд арзёбӣ менамояд.
Мо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ изҳори ризоият намуда, итминон дорем, ки натиҷаҳои сафари Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, густариши дӯстиву бародарии мардумони ду кишвар, тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ такони нав мебахшанд,- изҳор намуд Файзалӣ Идизода.