Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосия лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» оид ба лоиҳаи сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи истихроҷ ва коркарди тилло дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳамадулло, муовини раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Саидзода Фирдавс ва узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Шарифзода Нигина шарҳу тавзеҳ намуданд.