Дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ва иштирок дар ҷаласаҳои Шурои АБП ИДМ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳамтои худ раиси Парламенти Туркманистон Гулманова Дунягозел мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳоямон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба тадриҷ вусъат меёбанд.
Шарикии стратегӣ ба мо имкон фароҳам меорад, ки дар доираи созмонҳо ва платформаҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ, ЮНЕСКО, Осиёи марказӣ-Чин, Осиёи марказӣ-Ҳиндустон, Осиёи марказӣ-Ҷопон, Осиёи марказӣ-Корея ва ғайра мақеи ягона дошта бошем.
Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои кишварҳоямонро зиёда аз 138 санади ҳуқуқӣ дар бар мегирад.
Ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо Туркманистон имкон медиҳад, ки бо ҳам табодули таҷриба намоем, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавиву байналмилалӣ мавқеу назари муайян дошта бошем, ташаббусҳои созандаи ҳамдигарро дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ намоем.