Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи 60-уми пленарии АБП ИДМ, ки дар шаҳри Санкт –Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардида истодааст, баромад намуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки барои вакилони парлумони мо иштирок дар кори Шуро ва ҷаласаҳои АБП ИДМ ҳамеша имконияти муҳим барои саҳм гузоштан дар таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ, рушди эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни давлатҳои мо мебошад.
Мехостам таъкид намоям, ки ҷаласаи имрӯза аҳаммияти хос дорад.
Он дар доираи Соли ҳифзи саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ки ба рӯзномаи мо мазмуни амиқи иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мебахшад.
Интихоби ин мавзуъ ҳамчун самти афзалиятноки умумӣ дар фазои Иттиҳод бозгӯи дарки умумии он аст, ки саломатии инсон арзиши асосӣ ва пояи рушди устувори ҳар як давлат мебошад.
Дар солҳои охир кишварҳои мо бо мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ рӯ ба рӯ шуданд. Кофист пандемияи COVID-19 ва паёмадҳои дарозмуддати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии онро барои кишварҳои мо ба ёд орем. Ин мушкилотҳо нишон доданд, ки самаранокии низомҳои миллии тандурустӣ на танҳо аз захираҳои иқтисодӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ, балки аз сатҳи танзими қонунгузорӣ низ вобастагии зиёд дорад. Маҳз дар сатҳи қонунгузорӣ асосҳои ҳуқуқие муайян карда мешаванд, ки дастрасии ёрии тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи тиб, рушди тиббӣ профилактикӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо ва таъмини имкониятҳои баробар барои ҳамаи қишрҳои аҳолиро муайян месозанд.